Дар чанд ҷумла
8 гумонбари ҳамлаи хунини Истанбул дастгир шудаанд

Пулиси Туркия мегӯяд, дар робита ба ҳамлаи хунини ахири Истанбул 8 гумонбарро боздошт кардааст. Масъулияти ҳамларо, ки наздики 40 кушта бар ҷой гузошт, гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ба зимма гирифт. Ҳамла ба клуби "Reina"-и Истанбул шаби 1 январ сурат гирифт. Шахси мусаллаҳе вориди толор шуда, ба сӯи садҳо муштарии клуб оташ кушод, ки дар натиҷа 39 нафар кушта ва наздики 70 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин ҳодиса як шаҳрванди 28-солаи Русия Нурана Гасанова низ ҷон додааст. Ҷасади Гасановаро алакай наздиконаш дар Истанбул шиносоӣ кардаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ҳамлаи паҳподҳо ба корхонаи кимиёии "Азот" дар Русия

Шаби 7 ба 8-уми июн паҳпод ё бесарнишинҳо ба корхонаи кимиёии "Азот" дар вилояти Тулаи Русия ҳамла кардаанд. Дар ин бора телеграм-каналҳои русӣ хабар додаанд.
Дмитрий Миляев, волии вилояти Тула ҳам ин хабарро тасдиқ карда гуфтааст, баъди ҳамла дар корхона сӯхтор сар задааст.
Миляев аз захмӣ шудани ду нафар хабар додааст.
Корхонаи "Азот" ба тавлиди нурии минералии селитра машғул аст, ки метавонад дар сохтани маводи тарканда истифода шавад.
Давоми ду ҳафтаи ахир ин бори дуюм аст, ки ба корхонаи "Азот" ҳамла мекунанд. Рӯзи 24-уми май ҳам "Азот" мавриди ҳамла қарор гирифта буд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки шаби гузашта низоми дифои ин кишвар 61 паҳподи украиниро нобуд кардааст. Ба гузориши ин ниҳод, бесарнишинҳо бар фарози вилоятҳои Брянск, Белгород, Калуга, Тула ва нимҷазираи ишғолшудаи Қрим сарнагун шудаанд.
Эътирозҳо дар Лос-Анҷелес. Трамп 2 ҳазор сарбоз мефиристад

Дар пайи эътирозҳо дар Лос-Анҷелеси Амрико, маъмурияти Доналд Трамп эълон кард, ки 2 ҳазор сарбози Гвардияи миллиро ба ин шаҳр мефиристад. Се рӯзи ахир эътирозҳо ба амалкарди кормандони федеролии Хадамоти муҳоҷират ва гумрук (ICE) дар Лос-Анҷелес идома доранд. Дар ин бора хабаргузории "Ройтерс" гузориш додааст.
Бархӯрди кормандони Хадамоти муҳоҷират бо садҳо муътариз дар ноҳияи Парамаунт, дар ҷанубу шарқӣ Лос-Анҷелес рух дод. Баъзе муътаризон дар даст парчами Мексика доштанд. Дар наворҳое, ки аз ҷойи ҳодиса пахш шуд, афсарони Хадамоти муҳоҷират ва гумрук бо либосҳои сабз ва ниқобҳои зиддигазӣ дида мешаванд
Эътирози дуввум бегоҳи 7-уми июн дар маркази шаҳри Лос-Анҷелес рух дод ва дар он қариб 60 кас ширкат дошт. Онҳо шиор медоданд, ки "Хадамоти муҳоҷират ва гумрук аз Лос-Анҷелес дафъ шав."
Пулиси Лос-Анҷелес дар саҳифаи X (Твиттер) хабар дод, ки баъди ҳушдорҳои зиёд, чанд нафар боздошт шудаанд.
Эътирозҳо дар Лос-Анҷелес шоми ҷумъаи 6-уми июн пас аз он оғоз шуд, ки кормандони Хадамоти муҳоҷират ва гумрук дастикам 44 нафарро бо гумони нақзи қонуни муҳоҷират дастгир карданд.
Кохи Сафед хабар дод, ки Доналд Трамп дастур додааст, ки "барои ҷорӣ кардани тартибот ва аз байн бурдани беқонунӣ," сарбозони Гвардияи миллӣ ба Лос-Анҷелес фиристода шаванд.
Волии аёлати Калифорния, ки шаҳри Лос-Анҷелес ҳам ба он шомил аст, қарори Трампро танқид карда, онро “” хонд. Гэвин Нюсом дар шабакаи X навишт, "Трамп сарбозони Гвардияи миллиро на барои камбуди пулис, балки барои намоиш ба Лос-Анҷелес фиристод. Ягон хушунат нест, танҳо эътирози сулҳомез аст."
Доналд Трамп баъди бозгашт ба Кохи Сафед ваъда додааст, ки маъракаи бузурги ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонуниро роҳандозӣ мекунад.
Эрон иддаъо дорад, ки садҳо ҳуҷҷати махфии Исроилро дуздидааст

Расонаҳои давлатии Эрон хабар додаанд, ки ҷосусони ин кишвар як бастаи калони ҳуҷҷатҳои махфии Исроилро дуздидаанд. Исроил то ин лаҳза ба иддaъои Эрон расман ягон вокуниш накардааст.
Хабаргузориҳои маҳаллии Эрон 7-уми июн навиштанд, баъзе аз ҳуҷҷатҳои рабудашуда марбут ба барнома ва таъсисоти ҳастаии Исроил аст, аммо ҷузъиёти бештар надоданд.
Хабаргузории Садо ва симо ба нақл аз "манбаи огоҳ дар дастгоҳи амниятӣ" муддаӣ шудааст, ки Эрон "ба анбуҳе аз иттилоот ва ҳуҷҷатҳои ҳасос"-и Исроил, аз ҷумла "ҳазорон ҳуҷҷати вобаста ба таъсисоти атомии он" даст ёфтааст. Айни ин хабарро чанд расонаи дигар дар Эрон нашр карданд, аммо ҷузъиёти хосе дар бораи ҳуҷҷатҳо надодаанд.
Исроил ба ин хабар то лаҳзаи нашри ин матлаб вокуниши расмӣ накардааст. Аммо рӯзномаи "Ерусалим Пост" бо бознашри хабари расонаҳои эронӣ навишт, ҳанӯз моҳи май ду исроилӣ бо айбномаи ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт шудаанд.
Нашри ин хабар дар ҳолест, ки танишҳо бар сари барномаи ҳастаии Эрон афзоиш ёфтааст.
"20 ҳазор сомонӣ пора гирифт." Боздошти як муфаттиш дар Исфара

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи як муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфараро шарҳ дод.
Ин ниҳод дар хабарномае навишт, Шукурзода М, барои "иҷро кардани амали муайян", аз бародари як боздоштшуда 20 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.
Назари Шукурзода ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.
Дар Оҷонсии зидди фасод гуфтанд, ин муфаттишро моҳи феврали имсол ҳангоми гирифтани пора дар дохили нақлиёташ дастгир кардаанд. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми гирифтани пора (моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушода, баъди таҳқиқ маводҳоро ба додгоҳ фиристодаанд. Аммо мақомот нагуфтанд, ки додгоҳ нисбати Шукурзода М. чӣ ҷазо таъин кардааст. Қисми аввали моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, барои ин ҷиноят 684 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то панҷ сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мизи ҳарбӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса рафтааст

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 8-уми июн барои ширкат дар як ҳамоиши Созмони Милал оид ба уқёнусҳо ба Фаронса рафтааст.
Дафтари матбуоти президент навишт, Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнусҳо ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ширкат мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша аз он ситоиш мекунанд, ки Душанбе яке аз ташаббускороон ҳалли масъалаҳои вобаста ба камбуди об дар ҷаҳон аст. Аммо тибқи омори расмӣ, дар дохили кишвар 34 дарсади аҳолӣ бо оби тоза таъмин нестанд.
Исроил ҷасади як гаравгони тайландиро дар Ғазза пайдо кард

Вазири дифои Исроил 7 июн гуфт, ки нерӯҳои ин кишвар ҷасади як шаҳрванди Тайландро пайдо карданд, ки дар моҳи октябри соли 2023 аз сӯи гурӯҳи "Ҳамос" гаравгон гирифта шуда буд.
Ба гуфтаи вазири дифои Исроил, ҷасади Наттапонг Пинта дар ҷараёни амалиёти вижа дар Рафаҳ, дар ҷануби Ғазза, ба даст омадааст.
Тайландиҳо бузургтарин гурӯҳи ғайриисроилӣ буданд, ки дар ҳамлаи рӯзи 7 октябри соли 2023 гаравгон гирифта шуданд.
Ду рӯз пеш ҷасадҳои ду тани дигар, ки шаҳрвании Исроил ва Амрикоро доштанд, дар Ғазза пайдо шуд.
Панҷоҳу ду тани дигар ҳанӯз дар дасти "Ҳамос" ҳастанд, ки Исроил мегӯяд беш аз ниме аз онҳо кушта шудаанд.
Рӯзи 7 октябри соли 2023 гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" дар ҳамла бар "Исроил" наздик ба 1200 танро кушт ва 251 каси дигарро гаравгон гирифт.
Вазорати тандурустии Ғазза, ки таҳти назорати "Ҳамос" аст, мегӯяд, ки аз он замон то кунун дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба ин борика беш аз 54 ҳазор нафар кушта шудаанд. Аксари кушташудаҳо занон ва кӯдакон ҳастанд.
Ҳалокати панҷ тан дар ҳамлаҳои Русия ба Украина

Бар асари ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина дар субҳи 7 июн, се нафар дар шаҳри Харков ва як зану шавҳар дар Херсон, ба ҳалокат расиданд.
Русия дар ин ҳамла аз мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин, истифода кардааст.
Игор Терехов, шаҳрдори Харков гуфт, ки ин шаҳр бо 48 паҳбоди сохти Эрон, ду мушак ва чаҳор бомбаи ҳидоятшуда, мавриди ҳамла қарор гирифт. Харков 1,4 миллион аҳолӣ дорад ва дар 50-километрии марзи Русия дар шимол-шарқи Украина ҷойгир аст.
Терехов гуфт, ки дар ҳамлаҳои Русия ҳамчуни 17 нафар захмӣ шуданд.
Ба гуфтаи вай, як зан аз зери вайронаҳои як бинои баландошёна зинда берун оварда шуд.
Ҳокими минтақаи Харков Олег Синегубов гуфт, ду кӯдак ҳам дар ин ҳамла захмӣ шудаанд.
Мақомоти Чину Амрико дар Лондон мулоқот мекунанд

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки 9 июн се тан аз мақомҳои кобинаи ӯ бо намояндагони Чин дар Лондон мулоқот хоҳанд кард, то дар мавриди як созиши тиҷоратӣ гуфтугӯ кунанд.
Трамп рӯзи ҷумъа дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, ки вазирони молия, тиҷорат ва намояндаи тиҷорати Амрико, дар ин нишаст иштирок хоҳад кард. Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин навиштааст, ки "ин нишаст бояд бисёр хуб пеш биравад".
Барномарезии ин нишаст як рӯз пас аз он сурат гирифт, ки Доналд Трамп бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, телефонӣ суҳбат кард. Ин тамос дар ҳоле сурат гирифт, ки таниши тиҷоратӣ байни ду кишвар афзоиш ёфтааст.
Бо онки Амрико ва Чин ахиран як созиши 90-рӯзаро дар бораи бекор кардани шуморе аз таърифа ё боҷҳои тиҷоратӣ имзо карданд, аммо ин созиши муваққат, ба нигарониҳои густурдатар поён надод.
Боздошти "корманди ҳифзи ҳуқуқ" барои дуздиву қаллобӣ

Пулиси вилояти Хатлон аз боздошти марде хабар дод, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо истифода аз боварии сокинон дар чанд ҳолат даст ба қаллобӣ задааст.
Ба иттилои идораи пулиси вилоят, марди 31-солаи сокини Душанбе ба яке аз маркази хидматрасонии бонкии "Душанбе ситӣ" дар ноҳияи Дӯстӣ даромада, аз як корманди марказ 15 ҳазор сомонӣ гирифта, ғайб мезанад.
Корманди ин марказ дар навори пахшнамудаи мақомот тасдиқ мекунад, ки боздоштшуда худро корманди прокуратура муаррифӣ кардааст. Маълум нест навор дар чӣ шароит сабт шудааст.
Пулис мегӯяд, дастгиршуда бо ҳамон шева, яъне муаррифии худ ҳамчун корманди ҳифзи ҳуқуқ аз чанд дӯкони гӯштфурӯшии сокинони ноҳияи Дӯстӣ аз ҳазор то ду ҳазор сомонӣ бо ваъдаи баргардонидан гирифтааст.
Нисбати марди гумонзад ба қаллобӣ ва дуздӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Назари ӯ ба чунин иттиҳом маълум нест.
Дар Деҳлӣ мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Ҳинд барпо мешавад

Дар шаҳри Деҳлии Нав рӯзи 6 июн ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Ҳинд ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад ва Тоҷикистонро дар ин нишаст вазир Сироҷиддин Муҳриддин намояндагӣ хоҳад кард.
ВКХ Тоҷикистон гуфт, Муҳриддин рӯзи панҷшанбе бо ҳамтои ҳиндиаш Субраҳманям Ҷайшанкар дидору гуфтугӯ намуд. Дар мулоқот ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таъкид гардид, навиштааст сомонаи ВКХ Тоҷикистон.
Дар саҳифааш дар Х вазири Ҳинд Ҷайшанкар аз “мулоқоти хубе” бо Сироҷиддин Муҳриддин хабар дода гуфтааст, ки ҷонибҳо “ба зарурати мубориза бар зидди терроризм дар минтақа таъкид карданд. Дар бораи тақвияти ҳамкориҳо дар бахши тиҷорат, сармоягузорӣ ва иртиботот изҳори назар намуданд”.
Сафорати Ҳинд дар Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Ҳинду Осиёи Марказӣ дар таърихи 6 июн, ки бори чорум барпо мешавад, таваҷҷӯҳи хос “ба тақвияти минбаъдаи робитаҳои байни ин кишварҳо дар соҳаи тиҷорат, иртиботот, фанновариҳо ва ҳамкориҳо дар соҳаи рушд равона мешавад. Вазирони хориҷии кишварҳои Ҳинду Осиёи Марказӣ инчунин ба чолишҳои амниятии минтақавӣ ва дигар масоили ҷаҳонии мавриди таваҷҷӯҳи муштарак муроҷиат хоҳанд кард”.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дигар кишварҳои хориҷӣ ҳам дар чаҳорчӯби “5+1” маҳфилҳое барпо мекунанд.
Баҳси ошкорои Илон Маск ва Доналд Трамп

Миллиардер Илон Маск дар шабакаи Х президенти ИМА Доналд Трампро, ки гуфт, аз Маск дилсард шудааст, интиқод кард. Маск дар посух ба Трамп навишт: “Бе ман Трамп дар интихобот мағлуб мешуд, демократҳо Маҷлиси намояндагонро таҳти назорат мегирифтанд ва ҷумҳурихоҳҳо дар Сенат мағлуб мешуданд. Чӣ носипосӣ”.
Изҳороти Маск баъди он нашр шуд, ки дар як нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе дар Кохи Сафед Трамп гуфт, ки аз танқидҳои Маск дар робита бо тарҳи қонуне, ки дар он барномаи иқтисодии президент дарҷ ёфтааст, “ҳайратзада” ва “дилсард” шуд.
“Ман аз он ҷиҳат дилсард шудам, ки Илон дар бораи кор сари таҳияи қонун аз онҳое ҳам, ки ин ҷо нишастаанд, аз шумоён ҳам бештар маълумот дошт. Дар бораи ҳама чиз огаҳ буд. Ҳеҷ мушкиле бо ин масъала надошт”, гуфт Трамп дар нишасти матбуотии муштаракаш бо садри аъзами Олмон Фридрих Мертс дар рӯзи 5 июн. Ӯ афзуд, “ногаҳон ӯ фаҳмид, ки мушкиле пеш меояд ва он ҳам баъди он ки фаҳмид, мо бояд маблағгузории соҳаи электромобилҳоро коҳиш диҳем”.
Маск баъд дар як изҳороте дар шабакаи Х навишт, ки матни қонунро то замони қабули он надида буд. «Ба ман ҳеҷ гоҳ ин тарҳи қонунро нишон надоданд ва он чунон зуд қабул шуд, ки касе ҳам дар Конгресс барои хондани он дуруст вақт надошт».
Маск аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳ ва президентро барои фосилагирӣ аз сиёсати эълоншудаи коҳиши камбуди буҷа танқид кард. Трамп дар посух гуфт, ки «оддитарин роҳи кам кардани буҷа» ин бекор кардани ҳама созишу барномаҳои дастгирии ширкатҳои Маск мебошад. Трамп дар Truth навишт, “Ҳамеша аз он дар ҳайрат будам, ки Байден ҳамин корро накард”.
Ба ин навишта Илон Маск гуфт, ширкати SpaceX барномаи киштии кайҳонии "Дрэгон"-ро мебандад, ки кайҳоннавардонро ба истгоҳи кайҳонӣ интиқол медиҳад.
Баъди ин ҷанҷоли лафзии Трампу Маск қимати саҳҳоми ширкати Tesla, ки ба миллиардер Маск марбут аст, то 15% коҳиш ёфт ва ин поинтарин уфти саҳҳом барои як рӯз дар давоми се моҳи охир дониста мешавад. SpaceX дар бозори саҳҳом иштирок намекунад. Маск барои маъракаи интихоботии Трамп беш аз 250 миллион доллар сарф карда дар маъмурияти ӯ кор кардааст.
Моҳи май Маҷлиси намояндагони Амрико қонуни андозу хароҷотро, ки онро худи Трамп як қонуни “бузург ва зебо” меномад, қабул кард. Дар Сенат аз ҷумла дар миёни ҷумҳуррихоҳҳо ин қонун бо мухолифатҳо рӯбарӯ шудааст.
Илон Маск рӯзи 30 май маъмурияти Трампро тарк кард. Он ҷо ӯ давоми 130 рӯз раҳбарии идораи муассирияти кори ҳукумат (DOGE)-ро раҳбарӣ мекард. Ин идораро бо мақсади кам кардани хароҷоти ҳукумат таъсис доданд. Баъди хатми давраи кор Трамп ба Маск калиди тиллоии рамзии Кохи Сафедро ҳамчун аломати сипос барои кораш тақдим намуд.
Дар Тоҷикистон Иди Қурбонро ҷашн мегиранд

Дар масҷидҳои Тоҷикистон субҳи 5:45-и рӯзи 6 июн намози Иди Қурбон хонда шуд. Аксар сокинони ин кишвар мусалмон ва таҷлили ин ид барояшон муҳим дониста мешавад.
Дар остонаи ид президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиаш сокинони кишварро ба хайру эҳсонкорӣ, кӯмак ба ятимону маъюбон даъват кард ва ҳам роҳ ба надодан ба хароҷоти беҳуда ва исрофкорӣ даъват намуд.
Иди Қурбон дар Тоҷикистон як иди расмӣ аст ва ба ин муносибат мардум истироҳат мекунанд. Ба муносибати ид бархе хонаводаҳо чорво забҳ мекунанд. Зиёрати қабри гузаштагон ва аёдати хешовандону наздикон яке дигар аз одатҳои ид дониста мешавад.
Дар баъзе маҳалҳо кӯдакон ҳам ба идгардак баромаданд.
Трамп гуфт, нафрати ҳамдигарии Путин ва Зеленский сабаби идомаи ҷанг дар Украина аст

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, хотима додан ба ҷанги Украина бо сабаби «душмании бисёр калони» миёни Русия ва Украина ва “нафрати” байни президентон Владимир Путин ва Владимир Зеленский бисёр душвор гардидааст.
Ӯ ин ҷангро ба ду кӯдаке шабоҳат дод, ки дар як боғе бо ҳам дармеафтанд ва гуфт, «гоҳо беҳтар аст, ки бимонӣ, онҳо як каме биҷанганд». Associated Press навишт, президенти ИМА ин ҳарфҳоро дар ҷараёни нишасти матбуотие бо иштироки садри аъзами Олмон Фридрих Мертс баён кард. Трамп бори дигар такрор кард, ки агар ӯ президент буд, ҳеҷ гоҳ ин ҷанг шурӯъ намешуд.
Трамп дар заминаи дастёбии зудтар ба сулҳ шубҳа баён ва таъкид намуд, ки аз президент Путин тақозо кардааст, ки дар паи ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои ҳарбии Русия аз ҷониби Украина аз хештандорӣ кор бигирад.
Дар навбати худ, Мертс гуфт, ки барои хатми ҷанг дар Украина ҳамкории миёни кишварҳои аврупоиву ИМА зарур аст. Ӯ гуфт, ба фарқ аз Русия Украина ба муассисаҳои мулкӣ зарба намезанад.
Пеш аз шурӯи мулоқоти миёни раҳбарони Олмону ИМА, Фридрих Мертс ба Доналд Трамп шаҳодатномаи таваллуди бобои ӯ Фридрих Трампро дар Олмон тақдим намуд.
Нашрияи Deutsche Welle менависад, ки Мертс чандин сол пеш як дафъа шахсан бо Трамп мулоқоте доштааст, вале дар давоми чор ҳафтаи охири баъди интихоб шуданаш ба мақоми садри аъзами Олмон, борҳо бо ӯ телефонӣ ҳамсӯҳбат шудааст. Ин сӯҳбатҳо ҳам ба таври ҷудогона ва ҳам дар ҳалқаи раҳбарони дигари аврупоӣ сари мавзӯи ҷанг дар Украина тамаркуз ёфтааст. Вақтҳои охир онҳо ба ҳамдигар СМС ҳам мефиристанд, навишт Deutsche Welle.
Дар Вашингтон Мертс сафари якрӯза дорад. Моҳи июн қарор аст онҳо боз дар ду нишаст – дар ҷаласаи Гурӯҳи ҳафтгона дар Канада ва нишасти НАТО дар Нидерланди бо ҳам мулоқот кунанд.
Куштори духтари 17-солаи блогер дар Покистон хашми занонро барангехт

Дар Покистон куштори духтари 17-солае, ки чун блогери интернетӣ маъруф буд, хашми занонро барангехт. Сано Юсуфро дар дохили манзилаш дар шаҳри Исломобод рӯзи 2 июн аз тири туфанг ба ҳалокат расониданд. Полис гуфт, ки дар робита бо ин куштор марди 22-солаеро боздошт намуд.
Зоҳиран, Сано Юсуф пешниҳоди дӯстии ин ҷавонро рад карда буд. Ин ҳодиса бисёр занонро дар Покистон, ки 240 миллион ҷамъият дорад, ба хашм овард, чун ҳодисаҳои хушунат, азияту озори занону духтарон дар ин кишвар мушкили дерина мебошад.
Шод Бегум, як фаъоли ҳуқуқи занон дар шаҳри Исломобод мегӯяд, “занҳо ба хашм омадаанд”. Ӯ афзуд, бахусус ҳодисаҳои “аз ҷониби баъзе мардони тангназар сафед кардани ин куштор бештар ғазаболуд мекунад”.
Баъди куштори наврас шарҳу назарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тақрибан ба ду тақсим шуданд. Як гурӯҳ мардон гуфтанд, ки барои духтаре аз як ҷомеаи суннатӣ дуруст нест, ки худро дар интернет намоиш диҳад, вале занҳо инро ғайри қобили қабул медонанд.
Юсуф дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз як миллион пайрав дошт ва ҳафтаи гузашта аз зодрӯзи худ навори видеоӣ нашр карда буд. Ӯ асосан бо таблиғи маҳсулоти ороишӣ маъруф буд.
Рӯзи 5 июн дар шаҳри Пешавар фаъолон ба нишони эътироз аз куштори Юсуф намоиши эътирозӣ барпо карданд.
Куштори Юсуф барои истифодаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ягона нест. Моҳи январ дар шаҳри Кветта Анвар ул-Ҳақ, як сокини маҳаллиро барои ташкили куштори духтари 14-солааш, ки матолибашро дар TikTok чун рафтори “ғайриахлоқӣ” писанд намекард, ҳабс карданд.
Моҳи октябр мардеро, ки эътироф кард чор занро аз ҳисоби хешовандонаш барои нашри матолиб дар TikTok куштааст, боздошт намуд. Дар Покистон ҳар сол садҳо зан ва аксари онҳо аз дасти мардони хешашон ба унвони “кушторҳои номусӣ” ҷони худро аз даст медиҳанд.
Тими миллии футболи Тоҷикистон Камбоҷаро шикаст дод

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, дар бозии байналмилалии дӯстона тими миллии Камбоҷаро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Ин вохӯрӣ, ки марҳилаи омодагӣ ба бозӣ муқобили тими миллии Филиппин дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 мебошад, рӯзи панҷшанбеи 5-уми июн бо ҳузури беш аз 13 ҳазор тамошогар дар Варзишгоҳи миллии олимпии пойтахти Камбоҷа - шаҳри Пномпен – доир гардид.
Ҳарсе гол дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар дақиқаи 51-ум тӯбро аз ҷаримагоҳи мизбонон ба дарвоза ворид карда, ҳисобро кушод. Голи дуюми меҳмононро нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 63-юми дидор аз масофаи наздик ба самар расонд. Дар дақиқаи 71-ум мизбонон ҳисоби бозиро тағйир доданд – 1:2.
Қаблан тимҳои миллии Камбоҷа ва Тоҷикистон як маротиба – соли 2011 - дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) рақобат карда буданд. Бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфта буд.
Бозии дӯстона
Камбоҷа - Тоҷикистон – 1:2
Голҳо: Шаҳром Самиев, 51 (0:1). Эҳсони Панҷшанбе, 63 (0:2). Мин Ратанаҷ, 71 (1:2).
Тоҷикистон: Олег Баклов, Содиқҷон Қурбонов (Меҳрубон Каримов, 81), Зоир Ҷурабоев, Табрез Исломов, Манучеҳр Сафаров, Шуҳрат Элмуродов (Амирбек Ҷурабоев, 46), Фатҳулло Олимзода (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Ҳамадонӣ Камолов (Мусо Қаҳҳоров, 65), Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Буризод (Парвизҷон Умарбоев, 59), Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 46).
5-уми июн. Пномпен. Варзишгоҳи миллии олимпӣ. 13 780 тамошобин.
Ҳамакнун тими миллии Тоҷикистон ба Филиппин сафар мекунад. Бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили мунтахаби Филиппин 10-уми июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити»-и шаҳри Капас соати 16 бо вақти маҳаллӣ (соати 14 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.
Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври якуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд.
Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.