Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои дӯстонаи тими олимпии Тоҷикистон бо Ҳиндустон ва Қирғизистон


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон ва Қирғизистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз 18-ум то 24-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор силсилаи бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон баргузор мешавад.

Тими олимпии Тоҷикистон 18-уми июн бо дастаи Ҳиндустон бозӣ мекунад. Пас аз се рӯз, 21-уми июн, дар Ҳисор бозӣ миёни тимҳои олимпии Қирғизистону Ҳиндустон баргузор мешавад. Ва ниҳоят, рӯзи 24-уми июн дастаҳои олимпии Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 20:00 оғоз меёбанд.

Бозиҳои дӯстонаи тимҳои олимпии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон (U-23)


18-уми июн (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон – Ҳиндустон

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ


21-уми июн (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Қирғизистон – Ҳиндустон

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ


24-уми июн (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон – Қирғизистон

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ


Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «К» бо тимҳои Сурия, Филиппин ва Непал бозӣ мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 3-юм то 9-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Тими олимпии Тоҷикистон дар даври интихобии гурӯҳи «К» бо дастаҳои Непал (3-юми сентябр), Филиппин (6-уми сентябр) ва Сурия (9-уми сентябр) бозӣ мекунад.

Ғолибони 11 гурӯҳи интихобӣ ва ҳамчунин чаҳор тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 7-ум то 25-уми январ дар Арабистони Саудӣ доир мегардад, роҳ меёбанд.

XS
SM
MD
LG