Русия аз ҳамлаи мушакӣ ба пули Қрим хабар дод

Дуд дар пули Қрим

Вазорати мудофиаи Русия рӯзи 12-уми август хабар дод, ки ба пули миёни нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ва ин кишвар тариқи мушаки С-200 ҳамла сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи мақомоти рус, дар ин ҳамла касе кушта нашудааст.

Сокинони Керч садои чанд таркишро шунидаанд ва дубор дар болои пул дуд дида шудааст.

Ин пул, ки Қрими ишғолшударо бо Краснодари Русия мепайвандад, муваққатан баста шуда, беш аз 1300 мошин дар он барои чанд соат дармонда будаааст.

Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ҳамла ба пули Қримро бепосух намегузорад. Мақомоти Русия мегӯянд, ин пул барои мардуми одӣ муҳим аст, вале мақомоти Украина мегӯянд, аз тариқи он барои ҷанг силоҳу тир мекашанд.

Ҳанӯз ин ҳамларо Украина шарҳ надодааст.

Моҳи октябр ва июли соли гузашта низ ба ин пул ҳамла сурат гирифта буд ва чанд нафар кушта шуд.

Дар ибтидо Украина даст доштанашро дар ин ҳамла рад кард, вале баъдан иқрор шуд, ки ин амалиёти хадамоти вижа буд.