Донишманди шинохта ва физикдони маъруфи тоҷик Саидҷаъфар Қодирӣ рӯзи 4 июн дар синни 85-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи наздикони донишманд, маросими ҷанозаи ӯ, фардо, 5 июн баргузор мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сафҳаи "Фейсбук"-аш ба Ардашер Қодирӣ, Сафири Тоҷикистон дар Малайзия, даргузашти падараш Саидҷаъфар Қодириро тасаллият гуфт.
Саидҷаъфар Қодирӣ зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ (қаблан Москва) ва хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоҳи ДДТ ва аспирантураи Пажӯҳишгоҳи куҳшиносии Маскав ба номи А.А. Скончинский буд.
Даҳҳо сол дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон кор кардааст.
Саидҷаъфар Қодирӣ аз физикдонҳои шинохтаи кишвар буд, ки навишта ва таҳлилҳои илмиаш борҳо мавриди баҳсу баррасиҳо қарор гирифта буданд. Ӯ муаллифи Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика буд, ки соли 1985 чоп шуда буд.
Аз Саидҷаъфар Қодири даҳҳо китобу рисола ва тарҷумаву мақолаҳо дар риштаи физика ва усули таълими он, ҳамчунин истилоҳшиносӣ, эҷоди истилоҳот ва баъзе масъалаҳои забоншиносӣ, боқӣ мондааст.