Арманистон сохтмончиёни тоҷикро ба кор даъват мекунад  

Акс аз бойгонь.

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мутахассисони соҳаи сохтмонро барои кор дар Еревани Арманистон даъват кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, сину соли коргар бояд аз 21 то 60 сол бошад. Корфармо коргарро бо ҷойи хобу асбобҳои корӣ таъмин мекунад ва музди меҳнат барои мутахассисони соҳаи сохтмон дар Ереван аз 1200 то 1800 доллари амрикоӣ дар як моҳ будааст.

Аммо либоси махсусу пойафзори корӣ ва хӯрок, ба ӯҳдаи худи коргар будааст. Ин талаботест, ки Хадамот маълумот додааст.

Дар гузашта кишварҳои корҷӯ аз коргарони тоҷик донистани забони русиву таҷрибаи корӣ, надоштани доғи судиву доштани диплом ё сертификат дар ин ё он соҳа ва баъзан ҳуҷҷати ронандагӣ талаб мекарданд.

Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки ба ҷуз Русия, роҳи муҳоҷирони корӣ ба дигар кишварҳо боз шавад.