Ин хулосаи омӯзиши нави тамоюлҳои муҳоҷиратӣ аз Тоҷикистон ва назарсанҷие аст, ки бо мусоидати Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар дар байни мардум анҷом додаанд. Назарсанҷӣ моҳи декабри соли гузашта ва дар байни бештар аз 2500 нафар дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Омӯзиши нави тамоюлҳои муҳоҷирати корӣ нишон додааст, ки 29 дарсади муҳоҷирон ба сабабҳои оилавӣ, аз ҷумла пайвастан ба хонавода, нигоҳубини фарзандону волидайни пир, тарс аз депортатсия ва бегонситезӣ Русияро тарк кардаанд.
Баъд аз ҳамлаи маргбор ба "Крокус", аҳволи муҳоҷирон боз ҳам бадтар шуд.
Қисмати дигар ва 25 дарсад аз тарси сафарбар шудан ба ҷанги Украина ва бадтар шудани аҳволи муҳоҷирон баъди ҳамлаи маргбор ба "Крокус" маҷбур шудаанд, касбу кори худро монда ба Тоҷикистон баргарданд.
Сахт шудани сабти ном барои иқомат ва ё гирифтани патент ва дар умум ҳуҷҷатгузории зиёд, зоҳиран теъдоде аз муҳоҷиронро ба танг овардааст, ки ба зодгоҳ ва ё ватани худ баргарданд. Зиёда аз 10 дар сади муҳоҷирон ҳамин ҳуҷҷатгузориро сабаби асосии бозгашт ба Тоҷикистон номидаанд.
Созмони Байналмилалии Муҳоҷират давра ба давра ҳаракати муҳоҷирони тоҷик ва тамоюлҳои муҳоҷиратро меомӯзад ва натиҷаҳои таҳқиқоти нави он охири ҳафтаи гузашта нашр шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, вазъият дар Русия бадтар мешавад, вале интихоби дигар надорем
Дар ин таҳқиқот омадааст, 7 дарсади муҳоҷирон ба сабаби гирифторӣ ба ягон беморӣ ва ё бо ҳадафи нигоҳубини ягон фарди азиз ва бемори худ ба Тоҷикистон баргаштаанд. Баъди ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус" дар моҳи марти соли 2024, ки чаҳор муҳоҷири тоҷик ба анҷоми он гумонбар мешаванд, зери по кардани ҳуқуқи муҳоҷирону рондани онҳо аз Русия як кори оддӣ шуд.
Чаро муҳоҷирон ба ҳомиёни ҳуқуқ муроҷиат намекунанд?
Аз онҳое, ки ба Тоҷикистон баргаштаанд, пурсидаанд, ки оё дар ин замон барои дарёфти кӯмаки ҳуқуқӣ масалан барои ихроҷи беасос, зӯроварӣ ба ҷое муроҷиат кардаанд. Посухи 78 дар сади онҳо манфӣ ва ин будааст, ки намедонистаанд, барои гирифтани кӯмак ба кӣ ва ё куҷо муроҷиат кунанд.
Дар мавориди бисёре муҳоҷирон барои ҳимоят аз ҳуқуқҳояшон ба вакили дифоъ муроҷиат намекунанд.
Айни замон ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ аз бими онки аҳволашон бадтар мешавад, на ба пулис муроҷиат мекунанд ва на ба ҳомиёни ҳуқуқ ва ба ҷойи истодагарӣ ва ҳимоят аз ҳуқуқи сукутро авлотар медонанд.
Баъди ҳамла ба толори консертии "Крокус" дар канори Маскав дар моҳи марти соли 2024, ки бештар аз 140 нафар дар он кушта шуданд, Русия сиёсати муҳоҷиратиро сахт кард ва даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз қаламраваш ронд. Ҳазорон нафари дигар худашон аз тарси боздошту таҳқир аз тарафи маъмурони амниятии Русия ба Тоҷикистон баргаштанд.
Агарчӣ ҳоло ҳам аҳвол беҳтар нест, аммо омӯзишу назарсанҷии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират нишон додааст, ки мардум ҳамчунон азми бозгашту кор дар Русия доранд ва кору зиндагӣ дар онро аз кишварҳои дигар авлотар мешуморанд.
Сабаби аслии нодида гирифтани беҳуқуқиву сахтиҳои муҳоҷират дар Русия ба гуфтаи муҳоҷирони бозгаштаи тоҷик, кор ва музди беҳтар дар он кишвар будааст.
Музди бештар муҳоҷиронро ба Русия мебарад
Аксарияти муҳоҷирон ва ё 97 дар сади онҳо, дар посух ба ин саволи мутахассисон, ки чаро хонаву зодгоҳи худро тарк карда ба Русия рафтед, гуфтаанд, ки мақсади онҳо ёфтани шуғл ва кор будааст.
Бекорӣ дар Тоҷикистон ва ё музди кам дар корхонаву муассисаҳо солҳост, ки садҳо ҳазор нафар аз мардуми кишварро маҷбур мекунад, ба Русия раванду музди беҳтар ба даст биёрад.
Хулосаи назарсанҷӣ дар таҳқиқи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ин аст, ки омилҳои асосии тарки ватан, омилҳои иқтисодӣ аст, аз ҷумла ҷойи кори зиёд ва сатҳи баланди даромад дар хориҷ.
Сиву ҳашт дар сад аз муҳоҷирони пурсидашуда ҳамин ду омилро аз сабаби тарки ватан ва беҳтар шумурдани кор дар Русия ва кишварҳои дигар номидаанд.
Масалан агар дар Тоҷикистон бештар аз 220 доллар ба ҳисоби миёна музди кор мегирифтанд, дар Русия ба қавли онҳо даромадашон ба ҳадди миёна бештар аз 800 доллар будааст.
Русия ва Қазоқистон -- ду масири асосии муҳоҷират
Бештар аз 95 дар сади онҳое, ки майли муҳоҷирати мавсимии корӣ доштаанд, гуфтаанд, ки макони дилхоҳи корашон Русия ва Қазоқистон мебошад.
Шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунанд.
Онҳое ҳам ки охири зимистон ба хона баргаштаанд, зоҳиран ба хабаргирӣ ва ё ба қавли худи муҳоҷирон дамгирӣ ба Тоҷикистон омада будаанд, чун тақрибан 40 дар сади онҳо гуфтаанд, ки баъди як ва ё се моҳи дигар ҷомадонашонро ҷамъ кардаву ба муҳоҷирати корӣ мераванд ва маъмулан аз ҳафт моҳ то се сол мемонанд.
Бештар аз нисфи ҳамин мардум баъди бозгашт дар хона дар Тоҷикистон бекор будаанд ва фақат 5 дар садашон гуфтаанд, ки кор меҷӯянд, бақия ҳам зоҳиран ҳеч майле барои пайдо кардани кор дар дохил надоштаанд, ки гуфтаанд, кор намеҷӯянд.
Иқтисоди пойбанди пули муҳоҷирон
Таври маълум аз ҳар хонаводаи тоҷик як ё ду нафар барои таъмини хонавода ба муҳоҷирати корӣ мераванд ва ягона сарпараст ва ё ноновари хона низ онҳо ҳастанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳам солҳо барои он танқид мешавад, ки наметавонад шароитро барои соҳибкориву тиҷорат дуруст кунад, то ҷойҳои кории муносиб офарида шавад. Бекорӣ дар кишвар зиёд аст ва агар кор ҳам бошад, музди кам дорад, ки бисёриҳо онро намехоҳанд.
Аз ин ҷиҳат иқтисоди кишвар пойбанди пули муҳоҷирони корӣ шудааст, ки солона аз Русия миллиардҳо доллар ба оилаҳои худ мефиристанд ва ҳамингуна дар рушди иқтисоди ларзонаки Тоҷикистон саҳм мегиранд.