"Бо ваъдаи бепояи кор дар Британия тамоми пули қарзгирифтаамро аз худ карданд"

Оғози мавсими кор дар кишварҳои аврупоӣ, шумори корҷӯёнро ба маротиб зиёд кардааст. Ва ҳам теъдоди фиребхӯрдаҳоро.

Комилҷон Маркаев, сокини 38-солаи Душанбе бо умеди пайдо кардани кор дар Англия, бо дидани эълон дар шабакаи "Инстагарм", бо чанд нафар шинос шуд, ки барояш гуфтанд, бо пардохти пул ӯро дар Британия ба кор таъмин мекунанд.

Ин сокини Душанбе мегӯяд, ки дар оғоз барои онҳо 700 доллар фиристод ва ҳоло талаб доранд, ки боз 300 доллари дигар ҳам бифиристад. Ӯ аз кордиҳанда Артур ном мебарад, аммо мегӯяд, ки натавонистанд бо менеҷерашон, ки Рустам ном дорад, видеоӣ суҳбат кунад. "Телефонӣ гап мезанад, видеоӣ не, мегӯяд, телефони ман камера надорад".

Онҳое, ки ба Комилҷон ваъдаи кор додаанд, ширкати худро бритониёӣ ва худро шаҳрванди Британия муаррифӣ кардаанд. Барои бовар кардани ӯ, асноди ширкат ва нусхаи шиносномаҳои худро фиристода, ҳатто шартнома ҳам бастанд.

Аммо Комилҷон вақте дар Душанбе ба маркази дарёфти раводиди Британияи Кабир меравад, масъулони марказ барояш мегӯянд, ин ҳама аснод қалбакӣ аст ва ӯро фиреб додаанд. Акнун ӯ дар пайи баргардондани пули худ аст ва дигаронро ҳушдор медиҳад, ки ба чуни дом наафтанд.

"Мехоҳам мардум дар доми ин хел одамон наафтанд. Агар ягон нафаре бошад, дар ин соҳа пули моро баргардонад, хуб мешавад, чунки аз банк қарз гирифтаам. Аз бачаҳои муҳоҷир хоҳиш мекунам, ки беҳтар аст ба маркази виза раванд ва ҳуҷҷатҳояшонро ҳамонҷо пур кунанд".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Бо ваъдаи бепояи кор дар Британия тамоми пули қарзгирифтаамро аз худ карданд"

Созмони байналмилалии муҳоҷират ҳам аз зиёд шудани мавридҳои қаллобӣ вобаста ба таъмини кор дар Аврупо хабар дода, як корзори иттилоотиро ба роҳ мондааст.

Саймуҳаммад Давлатов, мушовири Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, "яке аз роҳҳое, ки қаллобон истифода мебаранд, албатта ин интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоии Инстаграм, Фейсбук ва ё Тик Ток ҳамарӯза рекламаҳои гуногун чоп мешаванд, ки метавонем гӯем, ки ҳамааш қаллобӣ аст. Ягон корфармои аслӣ, дар Аврупо, ба хусус дар Британияи Кабир, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ эълони худро намегузорад. Онҳо танҳо ба воситаи сайтҳои расмии худ эълони кор пешниҳод мекунанд".

Муҳайё Нозимова, рӯзноманигори тоҷики муқими Лондон, ки корҷӯёну донишомӯзони тоҷикро дар Аврупо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳнамоӣ мекунад, шеваҳои дигари шинохти қаллобонро тавсия медиҳад.

Ӯ мегӯяд, ки корҷӯён инро дар хотир дошта бошанд, ки ҳар ширкат ё шахс вақте ба хотири равон кардани даъватнома ё ин, ки визаи корӣ пул талаб мекунад, ин аллакай қаллобӣ аст. "Ин сад дар сад роҳи фиреб аст. Ба хотири он, ки тибқи қонунгузории Британияи Кабир ва тибқи он қарордодҳое, ки бо вазорати меҳнати Тоҷикистон доранд, ягон нафар ҳақ надорад ба хотири даъват кардани муҳоҷирони кории мавсимӣ, аз шахси даъватшаванда маблағ ситонад".

Муҳайё Нозимова, рӯзноманигори тоҷик, муқими Лондон.

Муҳайё Нозимова афзуд,"дигар ин, ки вақте шумо эълонро дар бораи кор дар ширкатҳои оббарорӣ ё дар ширкатҳои пойафзолбарорӣ, мисли Найк ё Адидас, ё кор дар анборҳои "Амазон", мебинед, ин сад дар сад дурӯғ аст. Ба он хотир, ки дар он ҷо коргарони худашонро ҳастанд ва дар он ҷо онҳое кор карда метавонанд, ки алакай ҳаққи кор дар Британияро доранд".

Ҳукумати Тоҷикистон дар оғози соли 2025 омори муҳоҷиронро махфӣ кард. Тибқи охирин маълумоти расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз кишвар наздик ба 400 ҳазор аст, вале манбаъҳои ғайрирасмӣ ин оморро бештар аз 1 миллион медонанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳам мегӯяд, омори муҳоҷирону коргарони мавсимӣ дар Аврупо, аз ҷумла Бритониёи Кабирро дар даст надорад. Аммо солҳои ахир шумораи чунин муҳоҷирон зиёд шудааст.

Ба вижа, пас аз ҷанги Русия дар Украина ва бадрафториии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хеле сахт шудани қонунҳои муҳоҷирати Русия, теъдоди корҷӯёни тоҷик дар Аврупо ба маротиб афзудааст.