Аз як зиндони Покистон дар вақти таҳлукаи зилзила 200 маҳбус фирор кард

Шаби 2 ба 3 июн вақте бо сабаби зилзилаҳои пайдарпай дар Карочи зиндониҳои маҳбаси мардонаро иҷоза доданд, ки аз утоқҳо берун шаванд, беш аз 200 нафарашон аз маҳбас фирор карданд.

Фирори маҳбусон тақрибан тамоми шаб то саҳар идома ёфт. Зиёулҳасан Ланҷар, як масъули идораи амнияти вилояти Карочи рӯзи 3 июн ба хабарнигорон гуфт, ки вақте тапиши замин батакрор идома дошт, ба садҳо маҳбусон иҷоза доданд, ки ба рӯи ҳавлии зиндон берун бароянд.

Полис гуфт, ки маҳбусон аз дасти зиндонбонҳо силоҳро гирифта онҳоро маҷбур карданд, ки дарвозаҳоро боз кунанд. Ғуломнабӣ Мемон, раиси полиси вилоят гуфт, дар ин ҳодиса дастикам як зиндонбон кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Бархе зиндониҳоро ба ҳангоми талоши ворид шудан ба як бинои бисёрутоқае дар муқобили зиндон боздошт карданд. Хабарнигори Reuters аз маҳалли зиндон дидан кард ва гузориш дод, ки шишаҳо шикаставу дастгоҳҳои электронӣ аз кор бароварда шудаанд. Бисёр аъзои оилаҳои зиндониҳо бо нигарониву ҳарос дар назди зиндон ҷамъ омадаанд.

Ланҷар гуфт, ки ин азимтарин ҳодисаи фирори маҳбусон аз зиндон дар Покистон мебошад. Дар ин маҳбас дар як вақт 6 ҳазор зиндонӣ нигаҳдорӣ мешуд. Тахминан 80 нафари онҳо то нисфирӯзии 3 июн боздошт шуданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Маҳбуси фирории тоҷик дар Русия боздошт шуд. Ӯ чӣ тавр аз зиндон гурехтааст?Фирори ҳазорҳо маҳбус аз зиндони Порт-о-ПренсМаҳбусе, ки аз боздоштгоҳи Душанбе фирор карда буд, боздошт шудааст