Даъвати Мишустин ба пайвастан ба созишномаи боркашонии транзитии  Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

Михаил Мишустин, нахуствазири Русия

Нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) аз кишварҳои узви ин созмон даъват кард, ки ба созишномаи интиқоли транзитии ягонаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамроҳ шаванд.

Мишустин, ки яке аз ширкатдорони ҷаласа дар Душанбе аст, рӯзи 5 июн, аз ҷумла гуфт: “Тавсеаи ҳамкориҳои миёни ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро муҳим медонем. Бо назардошти танготанг будани робитаҳои миёни кишварҳои мо, бояд барои наздиктар кардани муқаррароти меъёрию ҳуқуқии ин ду иттиҳод кор кунем”.

Ӯ низоми воҳиди транзити гумрукиро барои беҳбуди шароити савдову тиҷорат ва таъмини амнияти интиқоли борҳо манфиатовар номид. Маълум нест, то куҷо ин даъватро ҳама кишварҳои узви ИДМ мепазиранд.

Масалан, Тоҷикистон чандин сол боз нишон медиҳад, ки ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шитоб намекунад, зоҳиран аз вобастагии иқтисодию сиёсии бештар аз ин созмони зери назари Русия андеша дорад ва дар паи ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии баромадан ба бозори беруна тавассути кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад.

Ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Тоҷикистон – раҳбари давраии ин созмон барои соли 2025 - ба кор оғоз кард. Субҳ нахуствазирони Озарбойҷон, Беларус, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Арманистон, Туркманистон ва Тоҷикистон, ки кишварҳои узви ин созмон мебошанд, бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд.

Ба навиштаи сомонаи президенти Тоҷикистон, қабули Нақшаи чорабиниҳо оиди татбиқи марҳилаи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030 масъалаи муҳими раёсати Тоҷикистон дар доираи Иттиҳод мебошад.

Ҷаласаи баъдии раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ 30 сентябр дар шаҳри Минск барпо мешавад.

ИДМ дар овори Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шуд, ки расман соли 1991 пош хӯрд. Маскав дар талоши ҳифзи нуфузаш дар қаламравҳои собиқи шӯравӣ ба таъсиси ин иттиҳод замина гузошт, вале бархе ҷумҳуриҳои мухолиф бо сиёсати Кремлин, аз ҷумла ҷумҳуриҳои назди Балтика, Гурҷистон ва баъдан Украина ҳамоиш дар ин созмонро напазируфтанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Раисони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе ҷаласа барпо хоҳанд кардҶаласаи раҳбарони сохторҳои амниятии ИДМ дар Душанбе