Дар Тоҷикистон Иди Қурбонро ҷашн мегиранд

Шириниҳои идонаи кӯдакон

Дар масҷидҳои Тоҷикистон субҳи 5:45-и рӯзи 6 июн намози Иди Қурбон хонда шуд. Аксар сокинони ин кишвар мусалмон ва таҷлили ин ид барояшон муҳим дониста мешавад.

Дар остонаи ид президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиаш сокинони кишварро ба хайру эҳсонкорӣ, кӯмак ба ятимону маъюбон даъват кард ва ҳам роҳ ба надодан ба хароҷоти беҳуда ва исрофкорӣ даъват намуд.

Иди Қурбон дар Тоҷикистон як иди расмӣ аст ва ба ин муносибат мардум истироҳат мекунанд. Ба муносибати ид бархе хонаводаҳо чорво забҳ мекунанд. Зиёрати қабри гузаштагон ва аёдати хешовандону наздикон яке дигар аз одатҳои ид дониста мешавад.

Дар баъзе маҳалҳо кӯдакон ҳам ба идгардак баромаданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Иштироки 7 ҳазор тоҷикистонӣ дар маросими ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ Аз 2 то 20 ҳазор сомонӣ. Нарху навои молбозори Кӯлоб дар остонаи Иди Қурбон