Эрон иддаъо дорад, ки садҳо ҳуҷҷати махфии Исроилро дуздидааст

Расонаҳои давлатии Эрон хабар додаанд, ки ҷосусони ин кишвар як бастаи калони ҳуҷҷатҳои махфии Исроилро дуздидаанд. Исроил то ин лаҳза ба иддaъои Эрон расман ягон вокуниш накардааст.

Хабаргузориҳои маҳаллии Эрон 7-уми июн навиштанд, баъзе аз ҳуҷҷатҳои рабудашуда марбут ба барнома ва таъсисоти ҳастаии Исроил аст, аммо ҷузъиёти бештар надоданд.

Хабаргузории Садо ва симо ба нақл аз "манбаи огоҳ дар дастгоҳи амниятӣ" муддаӣ шудааст, ки Эрон "ба анбуҳе аз иттилоот ва ҳуҷҷатҳои ҳасос"-и Исроил, аз ҷумла "ҳазорон ҳуҷҷати вобаста ба таъсисоти атомии он" даст ёфтааст. Айни ин хабарро чанд расонаи дигар дар Эрон нашр карданд, аммо ҷузъиёти хосе дар бораи ҳуҷҷатҳо надодаанд.

Исроил ба ин хабар то лаҳзаи нашри ин матлаб вокуниши расмӣ накардааст. Аммо рӯзномаи "Ерусалим Пост" бо бознашри хабари расонаҳои эронӣ навишт, ҳанӯз моҳи май ду исроилӣ бо айбномаи ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт шудаанд.

Нашри ин хабар дар ҳолест, ки танишҳо бар сари барномаи ҳастаии Эрон афзоиш ёфтааст.