Исроил ба Сурия ҳамла кард

Сурия пас аз ҳамлаи Исроил. Акс аз бойгонӣ.

Артиши Исроил мегӯяд, дар вокуниш ба партоби мушак аз Сурия ба хоки ин кишвар, ҳамлаҳоеро алайҳи ин кишвар анҷом додааст. Димишқ ин иддаои Телавивро рад кардааст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", пас аз партоби мушакҳо аз Сурия ба тарафи Исроил, вазири дифои Исроил президенти муваққати Сурия Аҳмад Шаръро масъул донист.

Сурия мегӯяд, ки гузоришҳо дар мавриди ин ҳамла ҳанӯз тасдиқ нашудааст. То кунун маълум нест, ки чӣ кас ва ё чӣ гурӯҳе масъули партоби мушакҳо ба хоки Исроил будааст.

Вазорати корҳои хориҷии Сурия қаблан дар баёнияе эълон карда буд, ки гузоришҳо дар бораи партоби мушак ба тарафи Исроил ҳанӯз таъйид нашудааст ва Сурия ҳеч таҳдиде барои ҳеч тарафе дар минтақа эҷод накарда ва нахоҳад кард.

Ҳукумати муваққати Сурия ҳамчунон гуфтааст, ки ҳамлаи Исроил ба Даръо боиси хисороти ҷонӣ ва моддӣ шудааст.

Тарафҳо дар ҳоле ба якдигар ҳамла карданд, ки ахиран талошҳое барои коҳиши таниш байни Сурия ва Исроил сурат гирифтааст.