Додгоҳе дар Фаронса панҷ нафар, аз ҷумла як зодаи Тоҷикистонро дар фош кардани сирри давлатӣ гумонбар эълон кардааст. Дар миёни гумонбарон як нафарашон собиқ ёвари президенти Фаронса Эммануэл Макрон мебошад.
Расонаҳои фаронсавӣ рӯзи 3 июн хабар доданд, ки дар як додгоҳи Париж рӯзи 24 май панҷ гумонбар дар фош кардани асрори давлатӣ ҳозир шуданд, як нафари онҳо зан мебошад. Се гумонбар собиқ низомиён буда, як нафарашон дар қасри Елисей кор кардааст.
Нашрияи фаронсавии La Depeche менависад, ки чор мард ва як зан дар дуздӣ, азонихудкунии ғайриқонунӣ, нашр ва фош кардани сирри давлатӣ дар соҳаи мудофеа, инчунин фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳӣ дар заминаи истеҳсоли маводи ҳарбӣ, силоҳ ва муҳимоти низомӣ гумонбар дониста мешаванд. Матбуоти фаронсавӣ мегӯяд, ки дар ин бора рӯзи сешанбе додситонии Париж хабар додааст.
Дар маркази парванда ширкате бо номи Archange Solutions Osint қарор дорад, ки онро як зодаи Тоҷикистон таъсис додааст. Додситонии Париж гуфтааст, ки ин панҷ нафар “дар ширкате кору фаъолият мекарданд, ки мегуфт, бо ҷосусии тиҷоратӣ ё иқтисодӣ машғул аст ва барои ин кораш аз иттилои махфие истифода кардааст, ки тавассути кормандони пешин ва амалкунандаи артиш ба даст меовард”.
Айни замон, айбдоркунандаҳо гуфтаанд, ки нигароние дар заминаи ин ки ширкат тавонистааст ба “кадом амалиёти ҳарбӣ ё саломатии инсонҳо осебе расонад”, вуҷуд надорад. Гумон меравад, ки фаъолияти ғайриқонунии ин ширкат бо Русия рабт доштааст, вале дар ин замина феълан иттилои бештаре дар дасти тафтишот нест, навиштааст нашрия.
Зодаи Тоҷикистон кист?
Бино ба маълумоте, ки додситонии Париж дар ихтиёри расонаҳо гузоштааст, муассис ва раҳбари ширкати Archange Solutions Osint марди зодаи Тоҷикистон бо номи Девид Б. мебошад. Ӯ соли 1991 ба дунё омада ҳоло шаҳрванди Фаронса мебошад. Дар саҳифаи Linkedin исми раиси ин ширкат Девид Ботсоев навишта шудааст.
Ширкати худро ӯ сентябри соли 2024 таъсис дода, гумонбари калидӣ дар ин гурӯҳ ба шумор меравад. Intelligence Online навиштааст, ки замоне Дэвид Б. дар қасри Елисей ҳам кор кардааст ва инро ду манбаи ошно бо парванда ҳам тасдиқ кардаанд.
Иттилои аз ин беш дар даст нест ва маълум нест, ки назари ӯ ба ин парванда чӣ мебошад.
Вакили дифоъ Антонин Гравелин-Родригес аз шарҳи қазия худдорӣ карда танҳо гуфтааст, ки «ин қазия воҳимабарангез менамояд… ва мо бегуноҳии гумонбаронро исбот мекунем».
Ба маълумоти расонаҳо, ҳеҷ як гумонбар ба ҳабс гирифта нашудааст ва феълан таҳти назорати додгоҳӣ қарор дорад.