Хадамоти амнияти Украина гуфт, пояи шоҳсутуни кӯпруки Қримро тарконидаанд

Пули Қрим

Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки қисмати зериобии пояҳои шоҳсутуни пули Қримро мунфаҷир кардааст. Дар изҳороти ин хадамот рӯзи 3 июн инчунин навори видеоии таркиш нашр ва таъкид шудааст, ки ҳодиса субҳи сешанбе рух дод. Дар изҳорот омадааст, ки пояҳои зериобӣ дар бистари баҳр бо 1100 кг маводи тарканда осеб дода шуд. “Кӯпрук амалан дар ҳолати садамавӣ қарор дорад”, гуфта шудааст дар изҳорот.

Дар соате, ки хабари Хадамоти амнияти Украина нашр шуд, ҳаракати нақлиёт аз болои кӯпрук ҳамоно идома дошт. Ин пулро Русия “Кӯпруки Керч” номида, он вилояти Краснодарро бо нимҷазираи ишғолшуади Қрим мепайвандад. Субҳ ҳаракат аз рӯи ин пул давоми се соат боздошта шуда, вале сабабаш номаълум буд. Одатан дар сурати хатари ҳамлаи паҳпод ваё мушакҳо ҳаракат аз рӯи ин пул манъ мешавад.

Ҷониби Украина гуфт, ки омодагӣ барои ин ҳамла давоми чандин моҳ ҷараён дошт.

Мақомот дар Русия ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд. Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки ин амалиёти сеюми бомуваффақият дар пули Қрим мебошад. Як ҳамлаи 8 октябри соли 2022, ки дар натиҷааш ду қисмати муҳими пул шикаста буд, сангинтарини онҳо дониста мешавад. Баъди он чанд моҳ лозим шуд, ки ин пул дубора барқарор шавад.

Пули Қримро баъди ишғоли он аз ҷониби Русия сохтанд. Мақомот дар Украина борҳо гуфтанд, ки ин сохтмон ғайриқонунӣ аст ва баъди ҳуҷуми Русия ба хоки ин кишвар дар соли 2022 гуфтанд, ин кӯпрук ҳадафи қонунии низомӣ дониста мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Хонаи шумо аз мо шуд". Дар Қрим акнун хонаву замини украиниҳоро ҳам ишғол мекунанд Русия Осиёи Миёнаро ишғол кард ё минтақа ихтиёрӣ ҳамроҳ шуд?Камбуди сӯзишворӣ дар Қрим; тасмими Ҳолланду Дания дар мавриди УкраинаРусия аз ҳамлаи мушакӣ ба пули Қрим хабар дод