Дастаҳои мунтахаби Португалия ва Испания ба финали Лигаи миллатҳои УЕФА роҳ ёфтанд. Бозии ниҳоӣ 8-уми июн дар варзишгоҳи "Алянс Арена"-и шаҳри Мюнхени Олмон доир мешавад.
Мунтахаби Португалия дар даври ниманиҳоӣ тими миллии Олмонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ мунтахаби Испания тими миллии Фаронсаро бо ҳисоби 5:4 шикаст дод.
Ҳамин тариқ, дар финали Лигаи миллатҳо Португалия ва Испания, инчунин барои ҷойи сеюм Олмон ва Фаронса рақобат мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки дастаҳои мунтахаби Португалия ва Испания қаблан ғолиби Лигаи маллатҳо гардида буданд. Португалия дар мавсими 2018/2019 ва Испания дар мавсими 2022/2023 ғолиб шудаанд.
Лигаи миллатҳо-2024/2025. Нимфинал.
Испания - Фаронса - 5:4 (2:0)
Голҳо: Нико Уилямс, 22 (1:0). Микел Мерино, 25 (2:0). Ламин Ямал, 54 - аз пеналти (3:0). Педри, 55 (4:0). Килиан Мбаппе, 59 - аз пеналти (4:1). Ламин Ямал, 67 (5:1). Райан Шерки, 79 (5:2). Дани Вивиан, 84 – ба дарвозаи худ (5:3). Рандал Коло Муани, 90+3 (5:4).
Огоҳонида шуданд: Ламин Ямал, 33, Гави, 90+6 - Адриен Рабйо, 51, Тео Эрнандес, 82, Рандал Коло Муани, 90+4, Ману Коне, 90+7.
Сардовар - Майкл Оливер (Англия).
5-уми июн. Штутгарт. Варзишгоҳи «МХП-Арена». 51724 тамошобин.
Олмон - Португалия - 1:2 (0:0)
Голҳо: Флориан Виртс, 48 (1:0). Франсишку Консейсау, 63 (1:1). Криштиану Роналду, 68 (1:2).
Огоҳонида шуданд: Ҷонатан Та, 80, Флориан Виртс, 84, Никлас Фюллкруг, 85 - Рубен Невеш, 52, Рубен Диаш, 85.
Сардовар - Славко Винчич (Словения).
4-уми июн. Мюнхен. Варзишгоҳи «Алянцс Арена». 65823 тамошобин.
Бозӣ барои ҷойи сеюм, 8-уми июн:
Олмон - Фаронса
ш. Штутгарт. Варзишгоҳи «МХП-Арена»
Финал, 8-уми июн:
Португалия - Испания
ш. Мюнхен. Варзишгоҳи «Алянс Арена»