Reuters: Дар амалиёти "Анкабут" Украина 20 ҳавопаймои ҷангии Русияро корношоям кард

Маълумоти иктишофии ИМА ҳисоб кардааст, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии украиниҳо болои фурудгоҳҳои ҳарбии Русия рӯзи 1 июн 20 ҳавопаймо аз кор бароварда шуд. Дар ин бора рӯзи 5-уми июн хабаргузории Reuters бо такя ба мақомоти амрикоӣ хабар додааст.

Аз ин миён даҳ ҳавопаймо нобуд карда шуда дигарҳо осеб дидаанд. Ин рақам бо изҳороти пешини президенти Украина Владимир Зеленский, ки гуфт, 41 ҳавопаймои ҳарбии русиро корношоям ва аз ин миён нисфашро нобуд кардаанд, дар ихтилоф аст.

Айни замон, манбаъҳои Reuters ба аҳамияти ин амалиёт таъкид карда тахмин карданд, ки дар натиҷа эҳтимолан Русия мавқеашро дар музокираҳо оид ба оташбас сахттар хоҳад кард. Намояндагони мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки дар бораи омодагии Украина ба чунин як амалиёт аз пеш хабар надоштанд.

Рӯзи сешанбе дар мусоҳибаи телевизиониаш намояндаи вижаи президенти ИМА Кит Келлог огоҳ кард, ки амалиёти “Анкабут” хатари тавсеаёбии ихтилофҳои миёни Украина ва Русияро бештар мекунад, чун Украина ба яке аз “пойдерворҳои” ҳарбиаш зарба задааст. Баъди сӯҳбати телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин раҳбари ИМА Доналд Трамп гуфт, ки Маскав ният дорад барои ин амалиёт посух диҳад.