Аз аввали моҳи январ то охири моҳи майи соли равон Русия наздики 26 ҳазор патент ё иҷозатномаи меҳнатии муҳоҷиронро бекор кардааст. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 се маротиба зиёд будааст. Миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, аммо теъдоди онҳо гуфта нашудааст.
Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, "сабаби бекор шудани ин теъдод иҷозатнома, пешниҳод накардани маълумот дар бораи фаъолияти меҳнатӣ" мебошад.
Намояндагии вазорат дар Русия дар Телеграм-канали худ намунаи пешниҳод кардани маълумотнома дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфарморо замима карда, роҳҳои пешниҳоди маълумот ба мақомоти марбутаро ишора кардааст.
Дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ ҳақ надоранд, ки бе патент кор кунанд. Парвонаи кор бояд мунтазам дароз ва пули ҳармоҳаи он пардохт карда шавад, вагарна, шаҳрванди хориҷӣ ҳаққи дарёфти даромади расмиро аз даст медиҳад.
Аксарияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва садҳо муҳоҷирро бо ҳамин далел ихроҷ кардаанд.
Соли 2024 муҳоҷирон ба буҷаи ин кишвар зиёда аз 123 миллирд рубл ворид кардаанд.