Трамп бо Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 4 июн бо раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Ин сӯҳбат беш аз як соат давом кард, Радио Свобода навишт, ки дар борааш пешакӣ хабар надода буданд. Трамп дар шабакаи Truth Social баъдан навишт:

“Мо ҳамлаи Украина ба ҳавопаймоҳои мустақар дар пойгоҳҳои Русия ва дигар ҳамлаҳо аз ду тарафро баррасӣ кардем. Ин сӯҳбати хубе буд, вале оне набуд, ки ба сулҳи билофосила роҳ боз кунад. Президент Путин таъкид кард, ки бояд ба ин ҳамла посух диҳад”.

Трамп гуфт, ки бо Путин инчунин барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ кардаанд ва Трамп гуфтааст, ки Эрон наметавонад соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад. Ӯ гуфт, ки Путин пешниҳод кардааст, ки метавонад дар музокира бо Эрон иштирок кунад. Трамп навишт, “шояд кӯмаки ӯ барои ҳалли зудтари масъала ёрӣ кунад”.

Сӯҳбати Трампу Путин баъди он барпо шуд, ки раҳбари Русия дар ҷаласаи ҳукумат дирӯз ишора кард, ки аз музокира бо президенти Украина Владимир Зеленский ва оташбас даст мекашад. Трамп ин гапҳои Путинро шарҳ надод.

Ёвари Путин Юрий Ушаков дар шарҳи сӯҳбатҳои Трампу президенти Русия гуфт, ки Украина хост ба музокира бо Маскав осеб расонад, вале Маскав «ба иғво дода нашуд».

Дар Вашингтон як ҳайате ба раҳбарии раиси дафтари президенти Украина Андрей Ермак қарор дорад ва дар талоши боло бурдани ҳаҷми ёриҳои ҳарбӣ ба Украина аз ҷониби ИМА ва сахттар кардани режими таҳримҳо бо Русия мебошад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Хадамоти амнияти Украина гуфт, пояи шоҳсутуни кӯпруки Қримро тарконидаандРаиси дастгоҳи президенти Украина ба Вашингтон рафт Русия ва Украина ба мубодилаи зиндониён мувофиқат карданд