Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, хотима додан ба ҷанги Украина бо сабаби «душмании бисёр калони» миёни Русия ва Украина ва “нафрати” байни президентон Владимир Путин ва Владимир Зеленский бисёр душвор гардидааст.
Ӯ ин ҷангро ба ду кӯдаке шабоҳат дод, ки дар як боғе бо ҳам дармеафтанд ва гуфт, «гоҳо беҳтар аст, ки бимонӣ, онҳо як каме биҷанганд». Associated Press навишт, президенти ИМА ин ҳарфҳоро дар ҷараёни нишасти матбуотие бо иштироки садри аъзами Олмон Фридрих Мертс баён кард. Трамп бори дигар такрор кард, ки агар ӯ президент буд, ҳеҷ гоҳ ин ҷанг шурӯъ намешуд.
Трамп дар заминаи дастёбии зудтар ба сулҳ шубҳа баён ва таъкид намуд, ки аз президент Путин тақозо кардааст, ки дар паи ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои ҳарбии Русия аз ҷониби Украина аз хештандорӣ кор бигирад.
Дар навбати худ, Мертс гуфт, ки барои хатми ҷанг дар Украина ҳамкории миёни кишварҳои аврупоиву ИМА зарур аст. Ӯ гуфт, ба фарқ аз Русия Украина ба муассисаҳои мулкӣ зарба намезанад.
Пеш аз шурӯи мулоқоти миёни раҳбарони Олмону ИМА, Фридрих Мертс ба Доналд Трамп шаҳодатномаи таваллуди бобои ӯ Фридрих Трампро дар Олмон тақдим намуд.
Нашрияи Deutsche Welle менависад, ки Мертс чандин сол пеш як дафъа шахсан бо Трамп мулоқоте доштааст, вале дар давоми чор ҳафтаи охири баъди интихоб шуданаш ба мақоми садри аъзами Олмон, борҳо бо ӯ телефонӣ ҳамсӯҳбат шудааст. Ин сӯҳбатҳо ҳам ба таври ҷудогона ва ҳам дар ҳалқаи раҳбарони дигари аврупоӣ сари мавзӯи ҷанг дар Украина тамаркуз ёфтааст. Вақтҳои охир онҳо ба ҳамдигар СМС ҳам мефиристанд, навишт Deutsche Welle.
Дар Вашингтон Мертс сафари якрӯза дорад. Моҳи июн қарор аст онҳо боз дар ду нишаст – дар ҷаласаи Гурӯҳи ҳафтгона дар Канада ва нишасти НАТО дар Нидерланди бо ҳам мулоқот кунанд.