Волидайни афсари ҳалокшуда дар марз: мақомот ваъдахилофӣ карданд

Хирадманд Усмонзода моҳи сентябри соли 2022 дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон кушта шуд

Пайвандони як афсари кушташуда дар муноқиша бо Қирғизистон, мақомоти ноҳияи Айниро ба ваъдахилофӣ муттаҳам мекунанд. Хонаводаи Хирадманд Усмонзода мегӯянд, ки мақомоти маҳаллӣ ба ваъдаи худ барои кӯмак ба хонаводаи ҷавон вафо накардаанд. Мақомот масъаларо расман шарҳ намедиҳанд.

Ҳамсару фарзандони Хирадманд, ки моҳи сентябри соли 2022 дар муноқиша дар марз бо Қирғизистон кушта шуд, то ҳанӯз дар ба дар ҳастанд, вале умедворанд, мақомот барои гирифтани хона ба онҳо кӯмак мерасонанд.

"Маоши зиёд намегирифт, аммо корашро дӯст медошт"

Хирадманд Усмонзода соли 2012 довталабона ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваст ва то нимаи моҳи сентябри соли 2022 дар Гвардияи миллӣ хидмат кардааст. Рутбаи лейтенанти калонро дошт ва баъди маргаш дар муноқишаи марзӣ, ба ӯ ордени Спитамени дараҷаи 2-ро сазовор донистанд. Пайвандонаш мегӯянд, аз низомӣ буданаш ифтихор мекард, агарчӣ музди хубе намегирифт.

Кифоят Қулова, модари Хирадманд Усмонзода ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш баъди хизмат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва водии Рашт, ба Хуҷанд фиристода шуд ва як сол онҷо кор кард.

Ҳабибаи Сафарзод, ҳамсари Хирадманд Усмонзода мегӯяд, шавҳараш маоши зиёд намегирифт ва дар Хуҷанд иҷоранишин буданд. "Пули иҷораро се моҳи аввал аз кисаи худаш медод. Баъд ба шаҳри Бӯстон кӯчидем, муроҷиат кард, ҷойи кораш ҳар моҳ сесад сомонӣ медод."

"Гуфт хӯрок паз, аммо дигар наомад"

хонаводаи Хирадманд Усмонзода

Охири моҳи апрели соли 2021 баъди тира шудани муносибати Тоҷикистону Қирғизистон, Хирадмандро ба ҳайси ронандаи тонк аз Душанбе ба шаҳри Бӯстон фиристодаанд. Моҳи сентябри соли 2022 дар муноқишаи марзӣ ҳалок шуд.

Ҳабибаи Сафарзод, ҳамсари Хирадманд Усмонзода охирон рӯзи дар ҳаёт будани шавҳарашро чунин ба ёд меорад:

"Рӯзи ҷумъа буд, саҳарии 16-уми сентябр ба машқ меравам, ту хӯрок паз, омада хӯрда боз ба кор меравам гуфтанд. Ба ҳамон машқ рафтаашон дигар тамоман на занг заданд ва на ба хона омаданд. Як шабонарӯз ҳамроҳи кӯдакам интизор шудем наомаданд. Телефон мекунем, телефонашон хомӯш, ба номаамон ҷавоб намедиҳанд. Кӯдакам гиря кард, поин фаромадем, ки хонаамон ба Овчиқалъача наздик буд, овози ҷанг омада истодааст. Соати 11-и рӯз инҷо расидем, кӯдакам надид, ман даромадам, ки аллакай ҷасадро шуста барои ба хок супоридан мебаранд."

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро ба хонаводаи афсари ҳалокшуда хона надоданд?

Пайвандонаш мегӯянд, Хирадманд Усмонзода барои ҳифзу ҳимояи ватан ҷонашро нисор кард, вале мақомот меҳанпарастиву сарсупурдагии ӯро қадршиносӣ накарданд.

Ҳабибаи Сафарзод, ҳамсари афсари кушташуда мегӯяд, шавҳарашро бе ягон маросим дафн карданд ва "дар телевизион ҳам нишон надоданд." Ҳамсуҳбати мо афзуд, борҳо аз шавҳараш талаб кард, ки корашро тағйир диҳад, аммо ӯ қабул надошт.

Чаро ваъдаи додани хона иҷро нашуд?

ҳамсар ва фарзанди Хирадманд

Ҳабибаи Сафарзод ҳоло бо ду тифли нимаятим дар хонаи пайвандони шавҳараш зиндагӣ дорад. Дар ҳавлии кӯчаке дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ ду оилаи дигар зиндагӣ мекунанд. Аз ҳамин сабаб оилаи Хирадманд Усмонзода аз ҳукумати маҳаллӣ дархости кӯмак кардааст.

Талаби хонаводаи Хирадманд Усмонзода аввал ин буд, ки барои фарзандони ӯ дар шаҳри Хуҷанд хона диҳанд. Вале ба гуфтаи ҳамсари Хирадманд Усмонзода, Муқим Мурозода, раиси вақти ноҳияи Айнӣ ба онҳо ваъда додааст, ки барояшон дар деҳаи Сарвода манзил медиҳанд. "Боз ваъда доданд, ки кӯдаконро ба боғча ҷойгир мекунанд ва маро бо кор таъмин мекунанд. Мо розӣ шудем. Муқим Муродзода раиси ноҳия буданд ва гуфтанд, ки шумо дар ҳамин ноҳия бошед дар ҳар иду айём боз хабаргирӣ меравем".

Ҳабибаи Сафарзод, ҳамсари Хирадманд Усмонзода мегӯяд, се сол мешавад, ки мақомот бо ваъдаи имрӯзу пагоҳ ба онҳо хона намедиҳанд.

ҳукумати ноҳияи Айнӣ

Дар ҳукумати ноҳияи Айнӣ ҳеҷ масъуле омода нашуд, дар бораи шикояти хонаводаи Хирадманд Усмонзода ба Радиои Озодӣ суҳбат кунад. Аммо чанд мақомдори ҳукумат дар суҳбат гуфтанд, ки ваъдаи додани хонаро фаромӯш накардаанд ва ҳатман онро иҷро хоҳанд кард. Аммо мақомот нагуфтанд, ки ваъда кай иҷро мешавад.

Хонаводаи афсар иддао доранд, ки баъди марги Хирадманд Усмонзода аввалҳо мақомоти маҳҳалливу вилоятӣ аз ҳолашон бохабар мешуданд, кӯмак мерасонданд, вале чанд моҳи охир гӯё фаромӯш кардаанд. "Як соли охирон на меоянд, на хабар мегиранд ва на меравем,"-мегӯяд ҳамсари афсари кушташуда.

Аз соли 2021 то нимаи моҳи марти 2025 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон борҳо муноқиша сар зад ва садҳо низомӣ ва мардуми оддӣ аз ду тараф куштаву захмӣ шуданд. Аз он замон то ҳол бархе аз пайвандони кушташудагон шиква доранд, ки давлат аз ҷоннисории фарзандонаш ба таври шоиста арҷгузорӣ накардааст.