Додгоҳе дар Қазоқистон занеро, ки дар моҳи охири ҳомиладорӣ мебошад, ба ду соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳе дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ Жаслу Дарҳамбоеваи 35-сола, занеро, ки дар моҳи охири ҳомиладорӣ аст, бо иттиҳоми “барангехтани адовати миллӣ” дар шабакаи TikTok гунаҳор кардааст.
Ташхис маълум кардааст, ки дар суханҳои ӯ “таҳқири шаҳрвандони миллаташон рус” мушоҳида мешавад. Дар ин бора рӯзи 5 июн бахши Қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод.
Дар як навори видеоӣ зан дар муроҷиат ба президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, соли 2025 “мӯҳлати истифода аз замине”, ки Русия аз Қазоқистон гирифтааст, фаро мерасад ва талаб кардааст, ки чандин минтақаи марзӣ “баргардонида шаванд”.
Чанд моҳ баъди он занро ба додгоҳ кашиданд. Дарҳамбоева дар изҳороташ гуфтааст, қазоқҳо дар гузашта талафоти зиёд дода, гуруснагиро пуштисар кардаанд ва баъдан ба таҳқири русҳо мегузарад.
Додгоҳи ноҳиявии ба номи Габит Мусрепов гуфтааст, бо суханрониҳояш Дарҳамбоева “миллат ва шаъни миллиро таҳқир кардааст, ки чун барангехтани низои миллӣ арзёбӣ мешавад”. Дарҳабоева дар мурофиа гуфтааст, ки гуноҳашро эътироф мекунад ва нақл кардааст, ки дар зиндагӣ бо таҳқиру азияти зиёде бар пояи миллӣ рӯбарӯ шудааст.
Дарҳамбоеваро, ки дар моҳи ҳаштуми ҳомиладорӣ мебошад, ба ду соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум ва ба боздоштгоҳи шаҳри Петропавловск интиқол доданд. Бародари зан Ерлик Дарҳамбоев гуфтааст, ин амали мақомот хилоф бо меъёрҳои башардӯстона мебошад.